20160715

Асри XXI асри Бадахшон. Оё дар асл? Мултимедиа. (маводи таълими)

     Асри XXI асри инкишофи Бадахшон унвон шудааст, аммо вобастагии ин минтака аз бучаи маркази бо паёмади сол меафзояд

      Дар соли равон зиёда аз 876,2 млн. сомони барои баробар намудани кисмати даромаду харочоти бучети махаллии Хатлону Бадахшон ва навохии тобеи марказ ихтисос дода шуд. 
      168,1 млн. сомони аз ин иншондод ба бучаи махаллии вилояти Бадахшон дохил гардид. Аммо ин раванд нишон медихад, ки сол ба сол микдори маблагхои дотатсиони барои ин минтакахо зиёдтар мегарданд. 
     Тамоюли афзоиш ва зиёд шудани бучаи махалли дар вилоятхои Бадахшону Хатлон нишондодхои хуб доранд, вале бо вучуди ин хамасола аз хукумати маркази кумаки пулии боз хам зиёдтар дархост карда мешавад.
муаллиф Бахтиёр Кахоров
     Ба гуфтаи коршиносон барои то андозае мустакилияти таъминоти бучети махаллиро сохиб шудан вилоятхои Хатлон ва Бадахшон бояд аз имконоти иктисодии минтакахо истифода кунанд.
     Дар Бадахшон аз диди коршиносони сохаи иктисоди метавон се самти асосии пешрафтро инкишоф дод, ки инхо туризм, энергетика ва захирахои табии мебошанд.
     Беш аз 463 нафар сайёхон дар соли 2015 аз Точикистон дидан карданд. Бино ба хисоби коршиносони соха 80 дарсади ин теъдод ба Бадахшон саёхаташро давом доданд. Хозир сохаи туризм дар Бадахшон охиста-охиста, аммо устувор пешрафт мекунад.
     Ассосиатсияи эко-фархангии сайёхии Помир бо раёсати чавонон варзиш ва сайёхии вилоят хамкори карда, барои бунёди инфрасохтор талош доранд.



Афзоиши ахолии ВМКБ то 2015
Create your own infographics

     Дар як шахри Хоруг имруз 26 адад мехмонхона барои сайёхон ва беш аз 5 хучраи кабули мехмон дар хар як деха барои сайёхони хорич хизматрасони мекунанд.

View Hotels in Khorogh in a full screen map


  Дар Бадахшон хамчунин метавон аз захирахои оби истифодаи босамар кард. Шароити бунёд сохтани чандин неругоххои хурду бузарг дар ин минтака имконияти бештар  содир кардани неруи барк ба Афгонистону Покистон медихад.
Дар ин самт аллакай хукумати кишвар ва созмонхои рушд гомхои устувор мегузоранд.
Ширкати баркии Помир Энержи дар як сол бо истифода аз иктидори тавлидотии неруи барки 12 неругох микдори  15196 млн. квт/соат  кВатт соат баркро истехсол мекунад ва  25 дарсади   килоВатти дигар ба Афгонистон содир мегардад.





 Вилоятӣ Хатлон, яке аз калонтарин вилоятҳои кишвар барои пушонидани қисми хароҷоти буҷааш аз буҷаи марказӣ ҳудудан аз 375 миллион то 529 миллион сомонӣ маблағ мегирад.
То соли 2014- ум ҳамагӣ чор шаҳру навоҳии ин вилоят худкифо буд. Ин шаҳри Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Норак, Шуруъ аз соли 2014 ду навоҳии дигар ба ин руйхат шомил шуд. Ин ноҳияи Ховалинг ва ноҳияи Данғара буданд. Баъдан ба ин руйхат ноҳияи Ховалинг ва Ёвон шомил шуданд. Бо ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли семент  СП “Хуаксинсемент” ноҳияи Ёвон яке аз донорҳои асосии буҷаи вилояти Хатлон гардид. Ин ноҳия солона аз 9 то 14 миллион сомонӣ ба буҷаи вилоят ба таври ҳисаҷудокуни маблаҳоро ворид менамояд.


Хатлон метавонад худкифо бошад?
Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёдеро дар ихтиёр дорад. Масалан 4 корхонаи саноати дар ноҳияи Ёвон, корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди Данғара, ки ҳазорҳо нафар сокинони вилоят соҳиби ҷои коршудаву миллион сомонӣ андоз ба буҷаи вилоят ворид мешавад. Бо таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкори аз ҳаргуна буҳрони иқтисоди берун баромада вазъи иқтисодии вилоятро муътадил нигоҳ дошт.
Дар ҳамин ҳол Собир Вазиров, коршиноси масоили иқтисоди бар он назараст, ки вилояти Хатлон имконияти ба як вилояти худкифо табдил ёфтан дорад.

     Ба андешаи Алишер Шукуров ноҳияи Ёвон метавонад дар таи 2-3 соли оянда бо ба истифода додани чанд корхонаи дигари саноати вилояти Хатлонро аз субвенсия берун барад. Ноҳияи Ёвон яке аз маблағгузорҳои асосии буҷаи вилоят ба шумор меравад.


     Коршиноси дигари масоили иқтисодӣ Алишер Шукуров мегӯяд сабаби сол аз сол боло шудани маблағҳои субвенсиони барои вилояти Бадахшон боло бурдани музди меҳнат мебошад. Манбаи даромад, ки нест маблағҳои субвенсионӣ афзоиш меёбанд.
У афзуд вилояти Бадахшон имконияти аз субвенсия баромаданро надорад.


No comments:

Post a Comment