20150107

Офати табии дар Хоруг як хонаро вайрон сохт





Дар натичаи офати табии дар шахри Хоруг як хонаи истикомати зарари чидди дид. Хангоми фаромадани кухпора дар махаллаи Имроншохи шахр санги калон бом ва болопуши хонаи Муяссар Махмадовро шикаста ба даруни хона меафтад.
Хушбахтона аз офати табии зарари чони ба кайд гирифта нашуд.

Пас аз боришоти охирин тахдиди офати табии ба мардум  зиёдтар гардид. Аммо дар баробари боришоти барф на тарма, балки
сангчарха як адад хонаи истикоматиро хароб намуд.
Хангоми шабона, пас аз соати 11 дар кучаи Имроншохи махаллаи Чомии шахри Хоруг дар натичаи афтидани кухпора сангчарха ба амал омада, як адад сангпора хонаи истикоматии Муяссар Махмадовро, ки дар зери харсангхо бино ёфтааст, кисман вайрон кард.


Сангпора бо суръати баланд боми хонаро сурох намуда, бо зарбаи сахт болопуши хонаро низ шикаста ба даруни хона афтид. Дар ин вакт бошандагони ин хона, дар мачмуъ шаш нафар дар хоб буданд.
Ба андешаи онхо пас аз тамошои телевизор онхо хоб рафта буданд, ки дар ин замон садои балан ва пас он садои шикасти бом онхоро якбора бедор намуд. Дар лахзаи аввал аз чангу губори пайдошуда онхо хамдигарро хам намудиданд. Амммо баътар хамсояхо низ огох ёфта, хозир мешаванд. Аз хешовандони наздики ин хонавода аммаи Муяссар аз макомоти шахри дархост намуд, ки дар бехавф гардонидани чои хона мусоидат кунанд.

Амаи сохиби хонаи зарардида

Худи хамон замон ситоди холатхои фавкулода ва мудофиаи шахрванди бохабар гардида, аз чои ходиса дидан намуданд.
Субхи барвакт дар макомоти махаллии шахри Хоруг бо рохбарии сардорати макомот ситод ташкил гардида, ба махаллаи  Чоми сафарбар гардиданд.
Ситоди мазкур холати баамаломадаро хаматарафа санчида,  вазъиятро муайян намуданд.
Муайян гардид, ки дар ин хона шаш нафар сокинон зиндаги карда, як нафари онхо хонандаи мактаб мебошад.
Танхо сардори ин хочаги, муяссар Махмадов, ки хануз 26 сол дорад, кор карда, ду нафар аъзои ин хонавода дорои маъюбият, яке дарачаи якум ва дигараш маъюбияти дарачаи дуюм мебошанд.
Бо дарназардошти вазъи оилави, хисороти баамаломада ва шароити зиндагии ин хонавода санад мураттаб гардида, ходиса хаматарафа дар чояш санчида шуд.
Бино ба андешаи сардори ситоди холатхои фавкулодаи шахри Хоруг капитан Тутишоев арзиши зарари модди муайян карда шуд ва ситод барои дастрас намудани маводи ниёзи аввала ба ин хонавода ба кор шуруъ намуд.
Пас аз санчиши ходиса ва хисороти модди алакай дар макомоти шахри  барои баркарорсозии хонаи истикомати, ташкил намудани кумаки аввала ва дастрас намудани чихози хоб аъзоёни ситод бо рохбарии раёсати макомоти шахри хисобу китоб намуданд. Мутобики хисоботи нихои зарари баамаломада арзиши 14 хазор сомониро ташкил дод.
Барои кумаки аввала аз чониби макомоти шахри Хоруг ба микдори 50 кг орд, 20 кг равган, 20 кг биринч, 20 кг макарон, чою намак , шир, картошкаву пиёз ва сабзи бо маблаги 1300 сомони харидори карда шуд. Дар чараёни хисоботи хисорот масъулини фонди Глобал Патнес низ сахм гузор гардида, барои кумак намудан дасгирии худро пешниход намуданд.




Алакай нисфирузи бо рохбарии раиси шахри Хоруг Кимматгул Алибердиева ва гурухи кори кумаки модди ба зарардидагон расонида шуд.
Хангоми боздид аз чои ходиса Киматгул Алибердиева бо бошандагони ин хонаи истикомати хамсухбат гардида, кайд намуд, ки макомоти шахри Хоруг  бо дарназардошти имконоти дастрас омода аст, барои баркарор намудани зарари баамаломада кумак ва хамкори намояд.
Дар ин замон барои дастгири барномаи башардустонаи Фокус низ кумаки хадро расонида, барои хонаводаи осебдида 8 адад рахти хобро дастрас намуданд.
Хамчунин барои баркарор намудани бом ва болопуши хонаи истикоматии Муяссар Махмадов фонди глобал паатнес харочоти заруриро бар зима гирифт. Дар мархилаи аввал бо маслихати макомоти шахри ва созмонхои рушд тунука ва тахтахои шикастаи боми хона баркарор карда мешаванд, то дар натичаи боришоти минбаъда хона дигар зарар набинад.
Чунон ки маълум гардид, хануз  чанд сол пеш барои бошандагони  махаллаи мазкур дар чои бехатар чой барои сохтмони хона чудо гардидааст. Аммо аз сабабе, ки то холл ин хонаводахо тавони сохтмон надоранд, дар ин хонахо умр ба сар мебаранд.


Кухпорае, ки эхтимоли канда шуда афтиданро дорад

                   Ин вазъиятро ба анзар гирифта макомоти шахри Хоруг ваъда карданд, ки барои бунёди хонаи нав ба ин хонавода кумаки худро хоханд расонд.

Хоруг 2015 01 07.


No comments:

Post a Comment