20170313

Ду мактаби типи нав дар Хоруг. Ба бучет нафъ меоранд ё заъф...

Дар шахри Хоруг дар радифи  дигар макотиби миёна ду муассисаи таълими, ки шакли хусуси ё дорои бучети худи мебошанд, фаъолият доранд. Инхо литсеи Ого Хон ва муассисаи таълимии Мактаби  президенти мебошанд. Агарчанд Мактаби
президенти  хамчун муассисаи таълимии давлати хисоб мегардад, вале тахсил дар он ройгон набуда, дорои бучети худи хам аст.


Аммо литсеи Ого Хон, ки муассисаи таълимии гайридини, гайридавлати  мебошад, низ пулаки буда, дорои бучети дохили мебошад.
Тартиби пардохти хакки таълим дар асоси низомномаи молиявии  Хадамоти Ого Хон  оид ба маориф дар Точикистон барои литсеи  Ого Хон дар шахри Хоруг дар соли тахсили 2016-2017
Дар арафаи хар соли хониш дар литски Ого Хон  дар асоси мактуби хадамоти Ого Хон оид ба маориф  дар Точикистон барои худкифо гардидан ва индекси таваррум  хаки таълим ба андозаи 12  фоиз  зиёд гардид, ки барои синфи тайёри -332 сомони, барои синфхои 1 то9 – 357 сомони ва барои синфхои 10 ва 11 – 376 сомони баробар мегардад.


 Барои ичрои карорхои хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба пешрафти сохаи маориф  ва паст кардани сатхи камбизоати  ва супоришхои президенти мамлакат  оид ба дастгирии ятимону одамони  камбизоат дар асоси фалсафаи  Бунёди Ого Хон оид ба рушд  дар Точикистон дар  литсеи Ого Хон намудхои зерини имтиёзхо чори  шудаанд.
Кам кардани хаки таълим барои  пардохти пеш аз мухлат
Агар хаки таълим барои 9 то 10  мох якбора пардохт карда шавад,  хачми он 5 фоиз кам карда мешавад ва:
1.       Барои синфхои тайёри ин баробар ба 3154 сомони  мегардад.
2.       Барои сифхои 1 то 9 он хамаги 3391.5 сомониро ташкил медихад.
3.       Барои синфхои 10 то 11 он хамаги 3572 сомониро ташкил мекунад.

4.       Агар хаки таълим якбора барои 6 то 8 мох пардохт карда шавад, андозаи он 2 фоиз кам карда мешавад.
Дар баробари ин имтиёз барои кормандони литсей пешбини мегардад.
 Барои дастгирии  кормандон ва омузгорон хаки таълими як фарзанди дар литсей тахсилкунанда то 50 фоиз кам карда мешавад.
Имтиёз барои хонандагони ятим.
 Хонандагони ятим ба литсей дохил шуда, ки бо бахои хубу аъло  ва ахлоки намунави тахсил мекунанд,  метавонанд сохиби имтиёз шаванд. Карор оиди ин масъала аз тарафи комиссияи  махсус, ки иборат аз  раиси комитети волидайн маъмурияти литсей ва намояндаи Хадамоти Ого Хон оид ба маориф дар Точикистон аст,   кабул мешавад.
Ба ин имтиёз чунин гурухи хонандагон метавонанд сохиб шаванд:
1.       Хонандагони ятим, ки аз падару модар махруманд, кумаки дигар надоранд ва барои пардохти хаки таълим танкиси мекашанд.
2.       Хонандагони ятим, ки аз падар ё модар махруманд,  кумаки дигар надоранд ва барои пардохти хаки таълим танкиси мекашанд.
Дар холати дар боло зикргардида  волид ё шахси уро ивазкунанда бояд на дертар аз 10 сентябри соли хониш ба маъмурияти литсей мурочиат намояд. Хамчунин  хамаи хуччатхои лозими барои имтиёз  ба аризаи волид(ё шахси уро ивазкунанда) бояд замима шуда бошанд.
Хайати комиссияти имтиёзи молияви аз намояндаи  кумитаи падару модар,маъмурияти литсей, менеджери молиявии литсей ва намояндаи  Хадамоти Ого Хон оид ба маориф дар Точикистон  иборат аст.  Комиссияи  мазкур хуччатхои  пешниходшударо аз назар гузаронда барои санчиши хуччатхо инчунин  ахбороти иловагиро  оиди шароити хонаи оиларо  чамъ менамояд.
Барои хонандагони дар боло номбаршуда 60 фоизи хаки таълим кам карда мешавад.

Пардохти ёрии молияви
Барои сохиб шудан ба ёрии молияви  волидайни хонанда бояд хуччатхои лозимиро,  ки дар хакикат хонанда бо сабаби танкисии молияви шароити давом додани тахсил дар литсей надорад, пешниход намояд. Хуччатхои аз тарафи  хайати комиссияи маъмурияти  литсей ва намояндагони  кумитаи волидайн тафтиш карда мешавад. Факат баъд аз тафтиши хуччатхои пешниходшуда хонанда метавонад сохиби пардохти ёрии молияви шавад. Хачми маблагро (аз 25 то 75 фоиз) хайати комиссия барои хар хонанда дар алохидаги муайян мекунад.
Гурух ё категорияи  хонандагони зерин метавонанд сохиби ёрии молияви шаванд:
1.       Оилахое, ки зиёда  аз 4 нафар фарзанди сини мактаби доранд ва шароити иктисодиашон вазнин аст. (Факат барои хонандагоне, ки алакайдар литсей тахсил карда истодааст на барои фарзандони нав ба литсей кабулшуда).
2.       Оилахое, ки се нафар фарзандонашон дар литсей тахсил карда  ва шароити иктисодиашон вазнин аст. ( факат барои хонандае, ки алакай дар литсей тахсил карда истодааст на ба фарзанди нав ба литсей кабулшуда.)
Бучаи литсеи Ого Хони шахри Хоруг барои соли тахсили 2016-2017
Литсеи Ого Хони шахри Хоруг  хамчун муассисаи таълимии гайридавлати, гайридини ва бедаромад   вазифадор аст, ки тамоми маблагхои  чамъшударо барои бехбуд намудани  сатхи таълим ва тарбияи литсеи Ого Хон ва худкифо  гардидани  он сарф намояд.
 Имсол бо назардошти болоравии  нарххо ва хизматрасонихо, сатхи таваррум ва пушидани тамоми харочотхо  хаки таълим дар литсеи Ого Хони шахри Хоруг  ба андозаи 12 фоиз зиёд карда шуд.
Маъмурияти литсей бар он аст, ки  барои кори хамарузаи литсеи Ого Хон  ки дар он зиёда аз 1000 нафар хонанда тахсил карда, 113 нафар корманд  кору фаъолият менамоянд, ин даромади миёна мебошад.  Аксарияти харочот музди мехнат, пардохтхои ичтимои ва  имтиёзхоро ташкил мекунад 

No comments:

Post a Comment