20160225

Икдоми Арабистони Сауди дар рушди Бадахшони Кухи



 
Гурухи намояндагони маркази хайриявии  Шох Салмон аз Арабистони Сауди  дуввумбора аз води Бартанг боздид карданд.
Ин навбат чихати бахогузории лоиха,  ки  барои рушди минтака пешбини мегардад,  сармухандиси меъмории маркази хайрияви ва ёрии башардустонаи Шох Салмон Абдуллох ал-Хувайде ва  Иброхим ал- Уттайби- мухосиби ин ниход бо вазъияти роххои води Бартанги нохияи Рушони ВМКБ ошнои пайдо карданд.




Субхи рузи 24-уми феврал гурухи кори дар хайати намояндагони Арабистони Сауди- Абдулло ал Хувайде ва Иброхим ал-Утайби, муовини вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон – Шоимзода Чамшед, вазири наклиёти кишвар – Ганчалзода Шерали ва  муовини раиси кумитаи сармоягузори ва амволи давлати Файзуллозода Лоикро рохбарияти макомоти ВМКБ дар чамоати Басиди нохияи Рушон истикбол намуд.
 Дар ин чамоат асосан  гурухи кори вазъияти роххои мошингард ва купрукхоро санчиданд. 
 
Яке аз ин пулхо 10 километр боло аз маркази чамоати Басиди нохияи Рушон хангоми заминларзаи 7уми декабри соли 2015-ум осеб дида, кунун дар холати садамави карор дорад.
Намояндагони маркази хайриявии Шох Салмон бо вазири наклиёти Точикистон теъдоди харакати наклиёт дар як руз тарики рохи води Бартанг, теъдоди умумии сокинон, ки дар ин води маскунанд, шароити иклим ва дигар чанбахои мухимро барои тархрезии лоиха барраси намуданд.
Зикр шуд, ки кунун барои интиколи масолехи сохтмони ба  чамоатхои болоии води Бартанг вазъияти роххо ва купрукхо имконияти харакати наклиёти калони боркашро намедиханд.
 
Ганчалзода Шерали ба намояндагони Арабистони Сауди фахмонд, ки чихати тангии роххо ва купрукхои хароб дар баъзе китъахои ин рох хатто имконияти интиколи бори беш аз ду тонна вучуд надорад.
Пас аз боздид ва хисобу китоб гурухи кори ба чамоати Сучони нохияи Шугнон парвоз намуданд.
Дар Шугнон мутахассисони Арабистони Саудиро бо китъаи рохи мошингард, ки пас аз офти табии 16-уми июни соли гузашта аз нав бунёд гардид, ошно намуданд.
 
Чихати танг ва аз лихози офти табии хатарнок будани ин китъаи рох барои мутахассисони Арабистон се варианти лоихаи бехдошти рох пешбини гардид, ки яке кандани накб дар масофаи 800 метр, дигар фарох намудан ва дутарафа бетонпуш намудани рох ва варианти охирон аз сохили чапи дарёи Гунд бунёд кардани рохи нав мебошанд.
 
Бо назардошти шароити кухистон, офати табии ва харочоти камтар вазири наклиёт Ганчалзода Шерали ва намояндагони Арабистон варианти бунёди накб дар масофаи 800 метрро афзалияти бештар доданд.
 
Бояд зикр намуд, ки харкати наклиёти боркаш ва хамлу накл миёни точикистону Хитой аз ин китъаи рохи мошингард вобастагии калон дорад.
Дар Хоруг мехмонон ва аъзоёни гурухи кориро директории генералии ширкати Помир Энержи бо лоихаи бунёди неругохи барки обии Себзор, ки дар нохияи Рошткалъа бунёд мегардад, шинос кард.
Кайд гардид, ки иктидори тавлидотии неругохи мазкур 10 мегаватт буда,  дар оянда барои бунёди коргох ва корхонахои саноатии хурду миёна манбаи асосии неру мегардад.
 
 Директори Помир Энержи барои мутахассисони араб ду рохи бунёди неругохро муаррифи кард, ки аввалаш ба тарики канали кушода аз сохили рости дарёи Шохдара ва дуввум тарики кандани накб аз сохили чапи ин дарё мебошанд.
Баландии сарбанд аз макони бунёди неругох 125 метр  буда имконият ва мухимияти бунёди онро дучанд меафзояд.
Намояндагони Арабистони Сауди нишондодхо ва ракамхоро хам дар руи когаз ва хам ба шакли электрони дастрас намуда, нимаи дуввуми руз алакай сафари кориашонро дар ВМКБ анчом доданд.

No comments:

Post a Comment