20160706

Бабри барфи аз чанголи "браконерхо" рахо шуд МУЛЬТИМЕДИА



Аз диди мутахассисони Раёсати хифзи табиати ВМКБ аз руи натичаи хисоботи дусола айни хол дар худуди Помири шарки 37 чуфт бабри барфи "Ирбис" зиндаги мекунанд. Онхо мисли дигар хайвоноти нодир аз дасти шикориёни гайриконуни (бараканерхо) зарар мегиранд.
 Аз соли 2010 то ин чониб ду ходисаи
доштани ин хайвони нодир аз тарафи ашхоси алохида мушохида гардидааст.
Мохи августи соли 2014-ум дар натичаи амалиёти муштараки кормандони шуъбаи хифзи табиат ва шуъбаи амнияти миллии нохияи Мургоб аз дасти шикориёни гайриконуни бабри барфи, ки бар асари дар дом афтидан як пояш  чарохат бардошт шуд, гирифта шуда таи ду сол зери муоина ва табобат карор гирифта ба наздики ба табиати вахши сар дода шуд.
Характеристикаи Бабри барфи

Ду сол кабл бабри барфие, ки шикориён гайриконуни ба дом гирифтанд, мусодира гардида барои табобат ба кормандони хочагии шикори хоричии Чамъияити дорои масъулияташ махдуди Мургоб супорида шуд.
Акнун вакти он расид, ки ин хайвони нодирро ба табиат сар диханд. Барои ичрои ин амал мутахассисони коорпоратсияи байналмиллалии «Пантера» даъват гардиданд. Бино ба гуфти як нафар аз кормандони бахши точикистонии он Чурабек Бахриев ду сол пеш дар Точикистон бахши коорпоратсияи «Пантера» ба фаъолият шуруъ намуд. Вазифаи асосии ин ташкилот ба хисобгирии бабрхои барфи ва таъмин намудани амнияти онхо дар мухити зисташон мебошад.

 Амалиёти начотдихии ин хайвони нодир яке аз вазифахои мухим дониста мешавад. Мутахассисони коорпоратсияи «Пантера» пеш аз ба табиати вахши сар додани ин дарранда, онро бо дору хобонда, саломатиашро ташхис намуданд. Барои он, ки хаёти ояндаи онро барои тадкикотхои илми мушохида карда тавонанд ба гарданаш банди электрони васл намудан лозим омад, мегуяд корманди коорпоратсияи «Пантера» Шеан Кехел
Дар тачриба бисёр хайвоноти вахширо, ки аз браконерхо зарар дидаанд, баъди  табобат ба табиат сар додаам, вале бори нахуст аст, ки дар Осиёи Маркази ба гардани бабри барфи банди электрони васл намудаем. Аз минбаъд мо метавонем аз тарики мохвора чойгузинии он ва хатто холати саломатиашро мушохида намоем.
фаромадаанд.

Баъди ташхиси холати саломатии бабри барфи кормандони хочагии шикори хоричии Чамъияти дорои масъулияташ махдуди Мургоб онро ба табиат сар доданд.
Сарвари Чамъияти дорои масъулияташ махдуди хочагии шикори хоричии Мургоб Атобек Бекмуроди, ки нигохубини  бабри барфро  ба ухда гирифта буд, ба кисмати ояндаи у низ бепарво нест.
Аз аввал ин бабр бисёр логар буд. Мо тайи ду сол онро нигохубин намудем. кушиш мекардем, ки у ба шароити хона мутобик нагардад, то пас он дар табиати вахши барояш гизо пайдо кардан тавонад. Факат ба у гушти тоза мехурондем. Ба фикрам удар дусолаги ба дасти одамон афтод. Умедворам, ки малакахои шикории худро фаромуш накардааст. Бабри барфи моддина буда, имкон аст, ки барои худ чуфти муносиб меёбад.

Гурухи гуселкунон яке аз дарахои Помири шаркиро, ки аз диди онхо макони сукунати бабрхои барфи буда, Шашдеба ном дорад, интихоб намуданд.  Ин хайвони нодирро, ки бо дору хобонда буданд чанд лахза ба ихтиёри худашон монданд.

Баъди дакикахои ба шумор бабр ба хуш омада ба омузиши гирду атроф огоз намуд. Чун асари дору камтар гашт бабри барфи охиста-охиста рах суи харсангхо гирифт. Аз диди мутахассисон ин макон яке аз чойхои бехтарин барои сукунат ва шикори бабрхои барфи мебошад.

Зеро дар баландихои он дар баробари гусфанди кухии Марко Поло, бузхои кухи ва дар пояи кух харгушхо, мушхо ва сугурхо зиндаги мекунанд ва дар чунин мухит бабри барфи бегизо намемонад.



  

No comments:

Post a Comment