20160616

Yamchun fortres. Крепость Ямчун. Мультимедиа.





Бостоншиносони ватани  дар натичаи  хафриёти  вопасин
дар калъаи Ямчуни нохияи Ишкошим бозёфтхоеро пайдо намуданд, ки ба асри  III-I пеш аз мелод

мутаалик хастанд.
Беш аз як мох  таърихшиносон ин  калъаи  кадимаро мавриди  омузиши хафриёти карор доданд.
 Калъаи Ямчун  дар баландии  3 хазору 140 метр
аз сатхи бахр  дар нохияи Ишкошими ВМКБ вокеъ аст. Аз руи нишондодхои таърихшиносон ин калъа  беш аз 2 хазор  сол таърихи пайдоиш дошта,  ба сифати як шахри  бо ном Кушон
машхур будааст.
Бинобар  акидаи олимони таърихшинос  калъа макони сукунати  сулолахои кушониён ва хайтолиён будааст.  Худуди
бинои калъа
  22 метри пахнои ва 100 метр дарози дошта, дар умум  аз 38 бурч  иборат аст. Масохати умумии ин шахри бостони 14 гектар заминро ташкил мекунад.
Бинобар акидаи бостоншинос,  узви вобастаи  Академияи
илмхои Чумхурии Точикистон  профессор Юсуфшо
Яъкубов  Бадахшон аз  чумла водии Вахон   нахустин маркази  тамаддун будааст,  ки аз он мардум  ба Балху Бухоро кучидаанд.
                            
Аз он ки  дар замонхои кадим  бидуни хеч огохи кавмиятхо барои ба даст овардани замин  ба хамдигар хамла меоварданд,  сокинони ин  калъаи бостони  барои дифоъи худ  38 бурчи ин калъаро ба сифати  тиркашхо истифода мекарданд. 
Мавзеъи биноёфтаи ин калъа имконият медод, ки маскунони ин калъа  душманро маглуб созанд.
Пеш аз ду хазору 300 сол  гузаштагони мо  дар ин калъа
зиндаги карда,  аз фаъолияти рузмарра ва истифодаи  асбобу анчоми рузгор  ба мо  меъросхо гузоштаанд.  Ин бозёфтхо
дар  натичаи  корхои чустучуии бостоншиноси  дар ин калъа пайдо гардида,  ки аз лахзахои хаёти мардуми он давра накл мекунанд.
Асосан  бостоншиносон дар  натичаи кофтуков порахои коса
ва кузахои сафолинро пайдо мекунанд. Порахои матоъ ва  чуздонхои майдаи чубин  аз сифати баланди  ашё ва махсулоти он давра  гувохи
медиханд.
Имруз  номи чунин ёдгорихои таърихи  ба мисли калъаи
Ямчун, Ках-каха, Карон ба аксарияти мардум шинос аст.  Аммо на хар кас пай мебарад, ки то  чи андоза ин ёдгорихо  нодир мебошанд.  
Аллакай бо фаро расидани мавсими гармо даххо сайёхони дохилу хорич аз Бадахшон, чойхои таърихии он дидан мекунанд ва баъзеашон ба мисли  Туан Петерс пеш аз сафар  оиди ин калъахо
иттилоъ медиханд.



Ман  Туан Петерс аз  Аврупо ба ин чо хамчун сайёх омадам.  Нахуст ба Точикистон  баъд ба  кухистони Помир  ва ба ин води сайёхат дорам.  Мо аз Хоруг омадем  ва тарики рохи Мургоб ба шахри Уши кишвари Киргизистон рахсипор мешавем. Мо пешаки иттилоъро асосан дар бораи Вахон ва калъахо  чамъ кардем.  Ба ин хотир аз ин калъа боздид мекунем.  Як шаб дар декаи Ямчун мондем ва имруз хостем, ки ин зебогихоро тамошо кунем.  Дараи хеле зебо  ва фарох аст. Тори куххояшон барфи сафед дорад. Пагашон сабз аст ва боз ин
дарё хеле зебо аст. Вобаста ба калъа иттиллои беш надорам, аммо чизе ки писандам омад он аст, ки
  ин калъаи кадим
аз сангхо бо омехтаи гил сохта шудааст ва имруз хам деворхои он хам устувор истодаанд.
Сархади Афгонистон?  Бале, аз расонахои хабари мешунавем, ки ин кишвари ноамнъ  аст  ва сархади он хеле хавфнок аст. Аммо мо худро хеле озод хис кардем. Хатар вучуд надошт.
Аммо мутаассифона дар  замони имруз  якчанд намуди ёдгорихои таърихи ба мисли  калъаи Ках-Каха  на танхо аз таъсири боду борон, балки аз  дахолати одамон  вайрону валангор
мегарданд.
Бостоншиносон, ки бештар аз хама  бемисл ва ягона будани чунин  калъахоро  медонанд, хифзу нигахдории онхоро  аз
хамаи  сокинон ва сайёхон талаб мекунанд.
 Аз корхои анчомдодаи   бостоншиносон бармеояд, ки ин калъа  чандин борхо  дар мурури дахсолахо ва асрхо  чои сукунат
интихоб гардидааст ва бозёфтхои ин калъа хам 
метавонанд, таърихи  якчанд  даврахоро баён намоянд.
Дар муддати як мох  бостоншиносон тавонистанд
таърихи
  ин  шахри кадима ва калъаи торикухро  андаке муайян созанд, аммо бояд гуфт, аз  хухуди 14 гектар замини ин калъа такрибан 3  хиссаи он   кофтуков шудаасту халос.
Таърихи  чунин ёдгорихои нодир  метавонад бисёр тарафхои дигари хаёти пешдодиёни точикро  муайян созад.



No comments:

Post a Comment