20160606

Бунёди Оқохон тарҳи рушди бозори наздимарзии Ванҷро анҷом дод

Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон тарҳи "Рушди бозори наздисарҳадии Ванҷ" –ро ба анҷом расонид. Тарҳи мазкур бо кумаки Бонки рушди Олмон аз тариқи Барномаи ПАТРИП ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳудуди 145.000 евро
барои бунёди он сарф шудааст.
 Бозори наздимарзии Ванҷ яке аз панҷ бозорест, дар назди панҷ пули фаромарзии аз ҷониби Бунёди Оқохон сохта шуда, ки мақсади бунёди он дастрасии аҳолии манотиқи наздимарзии Бадахшони Афғонистон ба маводи мавриди ниёзи аввалия, молу коло ва ҳамчунин хадамоти дигари иҷтимоӣ аст. Ин бозор дар соли 2011 сохта шуда, соли 2014 мавриди истифодаи аҳолии ду тарафи марз қарор гирифт, вале зиёд будан ва афзоиши шумораи тоҷирон ва муштариёни он зарурияти сохтани биноҳои иловагиро ба миён овард.
Таҳти ин тарҳи анҷомшуда Бунёди Оқохон бозори тобистона барои бо ҷои савдо таъмин кардани 50 нафари иловагӣ ва чойхона барои занон ва мардон сохта, ҳамчунин бозорро ба қувваи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин намуд. Ин тарҳ барои эҷоди ҷойҳои кории доимӣ имконият фароҳам меорад.
Ба гуфтаи Ҳокимшоҳ Зулфиқоров, сухангӯи Бунёди Оқохон, ҳадаф аз бунёди бозорҳо на танҳо таъмини дастрасӣ ба молу коло ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки ҳамчунин аз тариқи роҳандозии тиҷорат таҳкими равобити ҳасана ва бародаронаи мардумони ҳамфарҳангу ҳамзабони ду сӯи Омӯ ва беҳбуди амнияти минтақавӣ аст.
 Гуфта мешавад, назарпурсиҳо ва таҳқиқоте, ки Бунёд анҷом додааст, шаҳодат медиҳад, сохтмони пул ва бозорҳои фаромарзӣ ба таҳкми равобити мардуми ду ҷониби марз таъсири мусбат дорад.

No comments:

Post a Comment