20160421

Муборакшо. Овоза аз Ирон

Муборакшо Мирзошоев, хунарманд ва сарояндаи точик вокеан дар умри на тулоние, ки дошт, бисёр мухлисонро пайдо кард ва овозаи хунари у аввал аз Бадахшони кучак ва пас он аз Точикистон берун рафт. Дар вакти нобасомонихо дар Точикистон у ба кишвари Казокистон рафт ва аз он чо низ сабтхои у ба Точикистон меомаданд ва мардум бо кайфият онхоро гуш мекарданд. Дар Ирон якчанд суруди ин хофизро Нушофарин ва Мухсин Номчу мехонданд. Муборакшо дар синни чихилсолагиаш даргузашт, аммо мухлисонаш уро то хол зинда мехонанд.

No comments:

Post a Comment