20160321

Тантанахои Наврузии Бадахшон 2016 03 21


                                                    



Хавои гарми бахори ва фазои идона.
Чашнвораи Наврузии имсол дар маркази шахри Хоруг дар майдони кушоду тобон баргузор гардид.
 Тантанахои наврузи аз намоиши дастовардхои мардуми
огоз шуданд.
 Косибону хунармандони шахру навохии вилоят, чи аз Мургобу Ишкошим ва чи аз Шугнону Дарвоз махсули дастии мардумро ба марази тамошо гузоштанд.
Дар намоиши идона бо  такя бар унсурхои кадимаи мардуми кухистон таомхои миллии хоси мардуми кухистон ва махсули дастранчи  бофандагону дузандагон бахри тамошобинони намоишгох пешниход карда шуд.
Синхрон:
Тантанахои наврузиро духтарон бо нишон додани либосхои милли дар даромадгохи боги маркази  идома доданд.
Ин кисмати намоиш мутобики замон ва талаботи тамадун  рушд ёфтани хунари либосдузии бонувонро баёнгар мебошад.
Дигаргунии фархангхо ва мувофики шароити чугрофии минтака хифз гардидани унсурхои кадимаи мардуми кухистони Бадахшон дар намоишхои мардуми нохияи дурдасти Мургоб, сокинони нохияи Ишкошим ва бошандагони навохии Шугнону Рушон нишон дода шуд.
Аксарияти махсулоти намоиш таомхои милли ва либосвории аз муинаи  хайвоноти махал омодагардида буд, аммо асбобу анчоми истехсолкардаи охангарони махал чолиби назар метофт.
Хамин тарик  хурду бузург бо ифтихор аз фарханги кадимаи милли либоси хоси мардуми точикро ба бар карда, чилваи намоиши идонаро хусни нав мебахшид.
Шодбошу муборакбод намудани мардуми Бадахшон дар баромади идонаи рохбарияти макомоти вилояти огози чорабинии тантанавии идонаи Наврузи гардид.
Бо ифтихор  гуфта шуд, ки самараи истиклолияти кишвар ва диккати доимии рохбарияти олии мамлакат нисбати мардуми Бадахшон зиёд аст ва бо шукргузори аз амониву хушии рузгор мардуми точики кухистони Бадахшон бо умеди нав барои ободии ватан камари химат бастаанд.
Бо анъанаи идона дар тантанахои наврузии имсола  шумораи зиёди сокинони шахру навохии вилоят, ки дар мехнати софдилона собикаи кори доранд, бо тухфахои рохбарияти вилоят кадрдони шуданд.
Накл аз таърихи кадимаи Наврузи бостони намоишноахои фархангии ахли хунари Бадахшон бо таронахои идона ва шодиву сурур тантанахои наврузии Бадахшонро идома ва чамъбаст намуданд.

No comments:

Post a Comment